Паёми иди Фасҳи Патриархи Маскав ва тамоми Рус Кирилл ба кашишҳои олимартаба, кашишҳо, роҳибон ва тамоми фарзандони боимони Калисои Православии Рус
Дилдодагони Худованд кашишҳои олимартаба, падарон-пресвитерҳо ва диаконҳои шариф, роҳибон ва роҳибаҳои худодӯст, бародарон ва хоҳарони арҷманд!
Аз самими қалби саршори сипос ба Худованд барои якояки шумо пайки бузург ва наҷотбахшро эълом медорам:
МАСЕҲ ЭҲЁ ШУД!
Ҳамасола бо ин нидои Фасҳ Калисо дар бораи он воқеаи дорои аҳамияти ҷаҳоние изҳор медорад, ки қариб ду ҳазор сол пеш аз ин рух дода буд. Он замон субҳи содиқ занони дорандаи равғани кудсӣ ба макони дафни Муаллими худ омаданд ва диданд, ки тобут холист. Қудрати яздонии Масеҳ бар қонуни марг пирӯз гардид. Ӯ эҳё шуд, то ба банӣ башар гувоҳӣ диҳад, ки марг поёни зиндагӣ нест ва марг бо нерӯи Парвардигор метавонад рафъ гардад.
Эҳёи Масеҳ, ки рӯйдоди беназире дар таърихи олам аст, бо фармудаи Парвардигор оғози эҳёи шахсии мо низ гардид. Маҳз барои он Наҷотбахш ба дунё омад, риёзат кашид, таслиб шуд ва аз тобут бархост, ки то ҳар кас имкони сипарӣ кардани таҷрибаи эҳёи пас аз маргро, на ба маънои сифр маҷозӣ, балки ба маънои аслии ин сухан, дошта бошад. Дар ин хусус ҳаворӣ Павлус ба таври возеҳ мегӯяд:
«Худо… бо қуввати Худ… моро низ эҳё хоҳад кард» (1 Қур. 6, 14).
Аз ин рӯ иди Фасҳ иди пирӯзии ҳаёт бар марг аст, зеро бо Эҳёи Масеҳи Наҷотбахш эҳёи пас аз марг барои ҳамагони мо низ ато шуд. Ва мо ба ҳар гуна авзоъи мушкили ҳаёти хокӣ рӯбарӯ гардем ҳам, ба ҳар мусибате мубтало шавем ҳам, моро касоне, ки нерӯи маънавӣ надоранду мехоҳанд ояндаро бунёд созанд, бо ҳар ваҳшате ба ҳарос оваранд ҳам, идроки олам аз тарафи мо бояд бо оромишу ва хушнудӣ сурат гирад, зеро Масеҳ эҳё шуд!
Дар сарзамини Руси Муқаддас иди Фасҳ ҳамеша бузургтар ва дурахшонтар аз ҳамагон буд. Дар даҳсолаҳои охир он ба бисёр хонаҳо ва хонаводаҳо аз нав бозгашт. Ва акнун онро дар он ҷойҳое низ таҷлил мекунанд, ки қаблан табрикоти Фасҳ садо намедод: дар бемористонҳо ва маҳбасҳо, дар Артиш ва Флот ва ҳатто дар кайҳон. Ва Худо мададгор бошад, ки аз пайи тағйиротхон зоҳирӣ, ки ҳоло дар кишварҳои олами Рус рух медиҳанд, эҳёи воқеии равонҳои инсонӣ сурат гирад, то аз хушнудии Эҳёи Масеҳ қалби ҳар кас саршор гардад, то аз нури муҳаббати Яздонӣ на танҳо пайвандону ақрабои мо, балки инсонҳое, ки аз имконоти ба маъбад рафтан маҳруманд, пиронсолон, беморон ва ашхоси танҳо низ гарм шаванд.
Ба василаи Эҳёи Масеҳ инсони боимон имкони васл гаштан ба нерӯи самовотии файзборро ба даст меорад, то тибқи ҳақиқат ва аҳкоми Парвардигор бизияд: меҳрубону мушфиқ, поквиҷдону накӯхоҳи мардумон, қобили ба ҳам дидани шодию ғам бо онҳо бошад.
Ин муносибати насронӣ бо наздикон фарогири ғамхорӣ дар ҳаққи кишвари худ, халқи худ, хонаводаи худ ва хонаи худ низ мебошад. Калисо авлавияти арзишҳои маънавии абадиро тарғиб карда. фарзандони худро ба муносибати эҳтиёткорона ба арзишҳои муваққатӣ, аммо воқеии ҷаҳони аз сӯи Парвардигор халқшуда — ба табиати атрофи мо, ба мероси ғании фарҳангӣ, ки ниёкони мо дар тӯли асрҳо эҷод кардаанд, даъват менамояд. Нигаҳдори ганҷҳо ва суннатҳои маънавии оини Православӣ будан маънои фаъолона тағйир додани худу олами ботинии худ, ҳамчунин ҳифз намудани зебоӣ ва ҳамоҳангии олами атрофи мо ва барқарор кардани онҳоро дар ҷое дорад, ки онҷо аз бадандешии одамӣ хароб шудааст. Ин аст рисолат ва ин аст масъулияти ҳар масеҳӣ.
Худованд аз мо шуҷоати берун аз тавонамонро хостор нест. Ӯ ба рӯҳи ҳар инсон рӯй оварда, такрор ба такрор даъват мекунад: «Назди Ман оед, эй ҳамаи заҳматкашон ва гаронборон, ва Ман ба шумо оромӣ хоҳам бахшид; юғи маро ба гардани худ гиред ва аз ман таълим ёбед, зеро Ман ҳалим ва фурӯтан ҳастам, ва ҷонҳои шумо оромӣ хоҳад ёфт; зеро юғи Ман хуш ва бори Ман сабук аст» (Матто 11, 28-30). То эҳсос ва дарк намоем, ки боре, ки Худованд бар дӯши мо вогузор мекунад, чӣ андоза хуш ва сабук аст, бояд ҳам ба касони наздик ва ҳам дур некӣ карданро омӯзем. Дар ин омӯзиш фақат қадамҳои нахустин мушкиланд: бамавқеъ худдорӣ кардан ва ба дуруштӣ бо дуруштӣ, ба бадӣ бо бадӣ, ба дуруғ бо дуруғ, ба таъна бо таъна посух надодан. Сипас ақаллан боре қонеъ шудан аз кирдори дуруст ва мунсифонае, ки ба инсони дигар, хоҳ дар хонавода, хоҳ дар кор, хоҳ дар маҳали зисти қавми калисо ё ҳангоми муоширати маъмулӣ бо ҳамсоягону ошноён бошад, нафъе расонад. Ин эҳсоси қаноат қодир аст ба ҳолати рӯҳии хушҳолона ва некбинона табдил ёбад, агар аъмоли нек, ки на бо ғаразе, балки бо қалби пок анҷом мешаванд, ба ҷузъи зиндагии мо табдил ёбанд. Фақат онгоҳ мо дар зиндагии ҷомеа беҳбудӣ эҳсос хоҳем кард, ки мавҷудияти робитаи пойдореро байни накӯкориҳоямон ва рифоҳи ҷомеа дарк намоем.
Мо дар ин шаби мунир нидо мекунем: «Бигзор Худованд эҳё шавад ва душманони Ӯ нобуд гарданд!». Бигзор Худованд дар қалбҳои мо эҳё гардад ва кизбу адоват, кин, муноқишот ва ҳар навъ ҷудоиҳо дар зиндагии мо аз байн раванд.
Ҳамаи шумо, азизонамро бо фарорасии иди Фасҳи Қудсӣ аз самими қалб табрик менамоям. Бигзор кӯмаку дуои хайри Худованди барҳақ эҳёшуда бо якояки мо дар заҳматҳои ояндаамон ба шарафи Калисо, бар нафъи кишварҳое, ки мо дар онҳо зиндагӣ мекунем, бар рифоҳи дуру наздикон ҳамсафар бошад. Омин.
ПАТРИАРХИ МАСКАВ ВА ТАМОМИ РУС
Маскав,
Фасҳи Масеҳ,
Соли 2011.